Сделать свой сайт бесплатно

Реклама

Создай свой сайт в 3 клика и начни зарабатывать уже сегодня.

@ADVMAKER@
Чаро Фейсбук баста шуд?
Добавил: bobur 04 марта 2012 20:16

Cарчашма аз сомонаи http://ozodi.org

Бино ба иттилои бархе манобеъи наздик ба ширкатҳои мухобиротӣ, ин тасмим дар пайи як номаи оҷили Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон гирифта шудааст. Дар ин нома аз ширкатҳои мухобиротӣ дархост шудааст, ки «вобаста ба ҳолати ба амаломада», дастрасӣ ба чанд сомона, аз ҷумла шабакаи Facebook.com ва сомонаи русии  Zvezda.ru ва Tjknews.com -ро қатъ намоянд. Албатта дастрасӣ ба тҷкнюс.сом аз қабл ҳам баста буд.

То зуҳри рӯзи шанбе бархе аз корбарони Фейсбук имкони ворид шудан ба ин шабакаро доштанд, аммо баъд аз зуҳр афроди бештаре аз қатъ шудани дастрасӣ ба ин шабака шикоят мекунанд. Ҳоло тақрибан ҳамаи ширкатҳои умдаи фароҳамкунандаи интернет ин дархости Хадамоти алоқаро иҷро кардаанд. Ва фақат бархе ширкатҳои мобилӣ, ки низ ҳамзамон интернет ироа мекунанд, ҳанӯз ин саҳифаро боз мондаанд.  

​​Аммо қатъи дастрасӣ ба Фейсбук як амри ғайри интизор буд ва ангезаи ин иқдоми мақомот чист? Гуфтанист, аз ду рӯз ба ин сӯ ба шиддат дар миёни сокинони Душанбе овозаи дар сомонаи звезда.ру нашр шудани як дастури махфии раёсати ҷумҳурӣ ва вазорати корҳои дохилӣ паҳн шудааст. То кунун даҳҳо сомонаи дигар ин матлабро бознашр кардааст.

Дар он матлаб ва асноди нашршуда, ки ҳақиқӣ ва ё тақаллубӣ будани онро ҳоло касе таъйид накардааст, даъват ба таъқиби сиёсии фаъолон, ширкатдорони тазоҳуротҳои соли 1992 ва аъзои феълии ҲНИТ ҷой дорад. Ин матлаб, ки бо мӯҳри махфӣ интишор шудааст, тавассути шабакаи иҷтимоӣ ба шиддат паҳн шуд ва боиси баҳси фаъолони шабакаҳо қарор гирифт.

Просмотры (119)  Комментарии (0)  Форум (Общие)
Зарегистрированный
Анонимно