Поёни бозии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ. Ҳисоб 1:1
Добавил: bobur 01 марта 2012 19:24
Бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар шаҳри Хуҷанд имрӯз, 29-уми феврал, соати 13.30 шурӯъ шуд. Дастаи мунтахаби ТоҷикистонxДастаи мунтахаби Тоҷикистон Tweet {lang: 'tg_TJ'} Мақолаҳои ҳамсон Доварони бозии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ муайян шудандФедератсиюни байналмилалии футбол (ФИФА) гурӯҳи доварони бозии интихобии Ҷоми ҷахон-2014-ро бо ширкати
дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ таъйин кард. "Тоҷикистон, гол!" Нидои мухлисони футбол дар ХуҷандСадҳо мухлиси бозии футбол натавонистанд ба майдони "20- солагии истиқлолияти Тоҷикистон", ки дар он ҷо бозии миёни
Тозатарин илова: 29.02.2012 15:23
Ин бозии даври охирини гурӯҳи “С” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ҷараён гирифт.Бозии миёни дастаҳои миллии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1:1 ба охир расид. Ҳарду даста якимтиёзӣ ба даст оварданд. Кореяи Шимолӣ бо 7 имтиёз дар мақоми севум ва Тоҷикистон бо 1 имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифтанд.
Замони асосии бозии дастаҳои Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ ба анҷом расид. Замони изофакардаи сардовар ҷараён доад. Ҳисоб 1:1 аст.
Дар ҳайати дастаи меҳмонон аввалин бозигар иваз шуд. Ба ҷойи нимҳимоятгар Ри Чол Мёнг ҳамлагар Ким Чжу Сонг омад.
Дар дақиқаи 73-юми бозӣ Фатҳулло Фатҳуллоев натавонист, ки тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон созад. Дар дастаи Тоҷикистон боз як бозигар иваз шуд. Ба ҷои Аҳтам Ҳамроқулов ба майдон Комил Саидов омад.
То анҷоми бозии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ каме бештар аз 12 дақиқа мондааст. Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон аввалин бозигар иваз шуд. Ба ҷои Ҷаҳонгир Ҷалилов ба майдон Илҳом Ортиқов омад.
Дар дақиқаи 64-ум баъди зарбаи бозигари тими Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов тӯб ба дарвозаи меҳмонон ворид шуд. Ҳисоб 1:1. Ин нахустин голи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2014 дар гурӯҳи "С" мебошад. Тоҷикистон ба дарвозааш 18 тӯб сар дода, ҳамагӣ як гол задааст.
Дар бозии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ дар дақиқаи 54-ум ҳисоб боз шуд. Голро футболбози кореягӣ тӯбро ворид дарвозаи мизбонон кард. Баъди он ки Фарҳод Восиев легионер аз тими "Шиник"-и Ярославл дар ҷаримагоҳи дастааш қоидаи бозиро вайрон кард, сардовар ба дарвозаи Тоҷикистон ҷаримаи 11-метра таъйин намуд. Бозигари кореягиҳо Сонг Ҳёк тӯбро ба ҳадаф расонд ва ҳисобро боз намуд.
Инчунин ду бозии дигари сабқати интихобӣ ҷараён дорад: Австралия-Арабистони Саудӣ ва Умон-Тайиланд. Дар бозии Умон ва Тайиланд, футболбозони умонӣ ҳисобро боз карданд. Қисми аввали бозии Умон-Тайиланд бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон ба охир расид.
Қисми аввали бозии Австралия-Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи меҳмонон, футболбозони Арабистони Саудӣ хотима ёфт.
Бозии сабқати интихобӣ миёни дастаҳои Чин ва Урдун бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи чиниҳо анҷом ёфт.
Бозии дигари гурӯҳи "С" миёни тими мизбон - Ҷопон ва дастаи Узбакистон рӯзи 29-уми феврал соати 15:30 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Ҳарду даста, ки ба даври баъдӣ роҳ ёфтаанд, барои пирӯзӣ дар гурӯҳ талош мекунанд. Дар ҳамин ҳол, дастаи Узбакистон бо 13 имтиёз дар ҷои аввал ва тими Ҷопон бо 10 имтиёз дар ҷои дувум мебошанд. Кореяи Шимолӣ 6 хол дорад, вале Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷой гирифтааст. Натиҷаи бозиҳои даври охирин мавқеи Тоҷикистону Кореяи Шимолиро дар ҷадвали гурӯҳ тағйир нахоҳад дод.
Футболбозони тоҷик -- Фарҳод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев , Фарҳод Тоҳиров ва Аҳтам Ҳамроқулов имкони голзаниро аз даст доданд. Меҳмонон низ вазъиятҳои хуби голзанӣ доштанд, вале маҳорати баланди дарвозабон Алишер Тӯйчиев ба онҳо имкон надод, ки муваффақ шаванд.
Дар дақиқаи 33-юми бозӣ тӯби аз масофаи тахминан 25 метр задаи бозигари кореягиҳо аз назди сутуни дарвозаи мизбонҳо гузашт. Дар дақиқаи 36-уми капитани дастаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Содиқов барои бозии дағалонааш корти зард гирифт.
Садҳо мухлиси футбол натавонистанд вориди варзишгоҳ бишаванд...xСадҳо мухлиси футбол натавонистанд вориди варзишгоҳ бишаванд... Меҳмонон боз як шонси хуби голзаниро аз даст доданд. Ин дафъа ҳам Алиешре Тӯйчиев тӯби задаи онҳоро баргардонгд.
Ин бозиро дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд 25 ҳазор мухлис тамошо доранд. Ҳамон тавре хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Хуҷанд гуфт, садҳо нафари дигар натавонистаанд барои тамошои ин бозӣ вориди варзишгоҳ бишаванд. Ин дар ҳолест, ки бозии миёни дастаҳои Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ мустақим аз телевизионҳои кишвар намоиш дода намешаванд.
Дастаҳо бо ҳайатҳои зерин ба майдон омадаанд:
Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев, Даврон Эргашев, Соҳиб Саванқулов, Алексей Неъматов, Фарҳод Восиев, Нуриддин Давронов, Маҳмадалӣ Содиқов (капитан), Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров.
Бозигарони эҳтиётӣ: Владимир Сисоев, Дилшод Восиев, Аҳтам Назаров, Далер Тухтасунов, Фаррух Чориев, Комил Саидов, Юсуф Рабиев, Саидҷон Саидраҳмонов, Умед Ҳабибуллоев, Иброҳим Рабимов, Илҳом Ортиқов, Хуршед Маҳмудов.
Дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ: Ри Мён Гук, Ри Хёнг Му, Чжан Сонг Хёк, Пак Нам Чол (капитан), Пак Сонг Чол, Ри Чол Мёнг, Чжон Кван Ик, Чжанг Мёнг Ил, Чжанг Кук Чол, Ри Кванг Хёк, Пак Сонг Чол.
Бозигарони эҳтиётӣ: Ри Хён Сонг, Ри Ил Чжин, Ким Чжу Сонг, Ким Мёнг Гил, Чжу Кванг Мин.
Сардовари бозӣ: Муҳаммад Банҷар Ал-Довсарӣ (Қатар). Ёварони ӯ - Аҳмад Ясир Мурод ва Фарес Ал-Шоммарӣ (ҳарду - Кувайт). Довари эҳтиётӣ – Муҳаммад Ҳамис Ал-Куварӣ (Қатар). Нозири доварон – Алӣ Аҳмад Ал-Траифӣ (Арабистони Саудӣ). Комиссари бозӣ – Ҷаясурия Де Силва (Шри-Ланка).
29.02.2012 13:49
Просмотры (157) Комментарии (0) Форум (Общие)