Созмони Милали Муттаҳид омодааст барои рафъи оқибати фалокатҳои табиии соли ҷорӣ ба Тоҷикистон кӯмак кунад.
02.03.2012
Дар даҳ соли ахир ин муассисаи мӯътабари байналмилалӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 600 миллион ва дар соли гузашта 70 миллион доллар ёрӣ расонидааст. Дар хатми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 ва ба ҳам омадани ҷонибҳои даргир низ нақш ва мақоми СММ барҷаста ва муҳим арзёбӣ мешавад. Аз сӯи ин созмони байналмилалӣ чанде аз пешниҳодоти давлати Тоҷикистон қабул ва дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.
Вале бо ин ҳама гуфта мешавад, ки СММ натавонистааст дар бартараф кардани баъзе аз чолишҳое, ки Тоҷикистон дар баробари онҳо қарор дорад, махсусан баҳсҳои баҳрабардорӣ аз захоири обу энержӣ саҳми худро бигзорад. Бо ин ҳол имрӯз 2-юми марти соли 2012 аз замони ба узвияти СММ қабул шудани Тоҷикистон бист сол сипарӣ мешавад. Ба ин муносибат ҳамоҳангсози намояндагиҳои СММ дар Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Cозмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки ҷиҳати рафъи пайомади офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Дар ин бора Александр Зуев, ҳамоҳангсози муассисаҳои СММ дар Тоҷикистон, дар фарҷоми дидори тақрибан дусоатиаш бо раиси ҷумҳур гузориш дод.
Ҷаноби Зуев ба хабарнигорон гуфт, аз ҳоло як анбори махсус барои ҳолатҳои изтирорӣ ташкил шудааст ва ба ҳангоми зарурат дар дастрасии мақомоти маҳаллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар гузошта мешавад: «Барои ҳолати изтирорӣ мо хайма, маводи ғизоӣ, зарфҳои обнигаҳдорӣ, доруворӣ таҳия кардаем, ки дар лаҳзаи зарурӣ ба мақомоти марбута таҳвил хоҳем дод.»
Мулоқоти намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯби 20-солагии ҳамкориҳои созмон бо Тоҷикистон сурат гирифт. Ин шабурӯз дар кишвар маъракаҳои бахшида ба ин сана ҷараён доранд, ки бар саҳми СММ дар рушди Тоҷикистон таъкид мекунанд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Зуев, ҳамоҳангсози муассисаҳои СММ дар ТоҷикистонxМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Зуев, ҳамоҳангсози муассисаҳои СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев-ҳамоҳангсози муассисаҳои СММ дар Тоҷикистон таъкид кард, ки масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ҳамеша дар меҳвари барномаҳои ин созмон қарор дорад. Ва дар ҳоли ҳозир беш аз 70 пешниҳод ва тавсияҳои СММ дар робита ба нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон барои баррасӣ ва посух ба мақомоти ин кишвар супорида шудааст. Аз сӯи дигар гуфт ӯ, коршиносони ин созмон якҷо бо масъулони давлатӣ дар пайи Стратегияи чаҳоруми коҳиши камбизотӣ дар Тоҷикистон шудаанд. Ин барнома барои солҳои 2013-2015 таҳия хоҳад шуд.
Узвияти Тоҷикистон дар ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дар соле иттифоқ афтод, ки Тоҷикистон бо як ҷанги шаҳрвандии панҷсола рӯбарӯ шуд. Ва ин созмони муътабари байналмилалӣ аз оғози ин низоъ барои ба сулҳу созиш овардани ҷонибҳо талош варзид. Ба хотири ҳарчи зудтар анҷом ёфтани низои мусаллаҳона, дабири кулии СММ намояндаи вижаи худро барои музокироти ҷонибҳо таъйин кард.
Тӯли панҷ соли ин музокирот, ки дар кишварҳои мухталиф аз ҷумла Русия, Эрон, Покистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ҳазинаи онро СММ бар ӯҳда дошт ва бо имзои намояндаи он асноди тавофуқшудаи ду ҷониби низоъ мавриди эътибо қарор мегирифт. Дар баргардонидани фирориёни иҷборӣ ба ватан ва барқарории иқтисоди баъди ҷангӣ низ СММ хидмати асосиро анҷом додааст.
Ҷумъа Давлатов, мушовири давлатии раиси ҷумҳурии ТоҷикистонxҶумъа Давлатов, мушовири давлатии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Дар солҳои баъдӣ низ бо пуштибонӣ ва дастгирии ин созмон чанде аз ибтикороти давлати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилаӣ пазируфта шуд.
Ҷумъа Давлатов, мушовири давлатии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкиди пураҳамият будани ҳамкориҳои СММ ва Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳамдастӣ бо ин созмон давлати ҷавони Тоҷикистон дар арсаи байналмилӣ ҷойгоҳ пайдо кард: «Иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти СММ назаррас аст. Ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба масоили об, махсусан оби ошомиданӣ аз тарафи СММ дастгирӣ ёфтанд. Як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир ба ин масъала ташкил карда шуд. Аз ҷумла соли Об барои зиндагӣ ва рӯзи об, ки 22-юми март қайд карда мешавад. Ҳамчунин хеле аз пешниҳодҳои Тоҷикистон дар робита ба масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон дар СММ дастгирӣ ёфтанд.»
Аммо ба эътиқоди бархе аз коршиносон, дар ин авохир нуфуз ва таъсири СММ дар аз байн бурдани заминаҳои ихтилоф ва чолишҳои минтақаӣ камранг ва номуассир будааст. Ба эътиқоди ин коршиносон, СММ натавонистааст баҳсҳо бар сари истифода аз захоири обу энергетика дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон ва Узбакистонро аз байн бубарад.
Рашид Ғанӣ, коршиноси тоҷикxРашид Ғанӣ, коршиноси тоҷик Рашид Ғанӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз густариши хатароти минтақаӣ, ин созмон дар Туркманистон як ниҳоди махсусеро фаъол кард. Аммо аз он ки кадом абзор ва фишанги таъсиргузор надорад, наметавонад баҳсҳои бархостаро аз байн бубарад: «Ба назари ман чунин мерасад, ки ин дафтар чи кор карданашро намедонад ва ё кор карданро чандон намехоҳад. Дар ҳамин вақту соат барои ҳалли мушкилоти байни Тоҷикистон ва Узбакистон ҳеҷ коре аз дасташ барнамеояд. Танҳо коре метавонад бикунад, ки миёнарав бишавад ва ҳарду тарафро барои нишастан сари мизи гуфтугӯ ташвиқ намояд.»
Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагии 22 муассисаи вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид фаъолият мекунад, ки ҳазинаи солонаи онҳо аз 70 миллион доллар бештар аст.
Созмони Милали Муттаҳид омодааст барои рафъи оқибати фалокатҳои табиии соли ҷорӣ ба Тоҷикистон кӯмак кунад.